Дар бораи лоиҳаи ТоҷВСС

onepager tjkЛоиҳа оид ба таъмини об ва санитария дар Тоҷикистон (ТоҷВСС) аз тарафи ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати Энернгетика ва захираҳои об ва БРСММ амалӣ мегардад ва аз тарафи Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳаи ТоҷВСС барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби бехатари  нӯшокӣ ва санитария дар деҳотҷой бо роҳи беҳтар намудани устувории бахши обтаъминнамоӣ ва санитарӣ равона гардидааст. 

Заминаҳо

Марҳалаи I Лоиҳаи обтаъминнамоӣ ва санитария дар Тоҷикистон (давраи амалинамоии 2009-2013с. бо буҷаи 4’000’000 франки швейтсарӣ (CHF), ки Ҳукумати Швейтсария аз тариқи Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) барои ислоҳотҳои институтсионалӣ ва муколамаи муштарак дар Тоҷикистон пешниҳод намудааст, саҳми назаррас гузошт; ба васеъ шудани ҳамкории байни тарафҳои асосии ҳавасманд мусоидат намуд; дастрасиро ба оби нӯшокии бехатар барои тахминан 23,000 нафар дар ду ноҳия Муминобод ва Рудакӣ таъмин намуд.

Марҳалаи II Лоиҳаи ТоҷВСС

Мақсади асосии Лоиҳа мусоидат ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои таъмини устувори оби нӯшокии бехатар ва санитария дар деҳотҷои Тоҷикистон тариқи дастгирии Ҳукумат дар такмили заминаи ҳуқуқии зерсохтор, аз ҳисоби танзими равандҳо ва механизмҳо дар сатҳи ноҳия барои маблағгузорӣ, фаъолият ва танзими зерсохтор ва васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои истифодабарандагон мебошад. Марҳалаи дуввум бо буҷаи 5 000 000 франки швейтсарӣ (CHF), моҳи ноябри соли 2013 оғоз гардид ва то моҳи октябри 2017 сол давом хоҳад ёфт.

Дар Марҳалаи II 15,000 занҳо, мардҳо ва кӯдакон дар деҳотҷой манфиатбардорони мустақими Лоиҳаи ТоҷВСС мегарданд. На кам аз 10 системаҳои обтаъминнамоӣ ва санитарӣ, ки ба 10 деҳот дар 3 ноҳияҳои Вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд сохта хоҳанд шуд.

Ҷузъҳои лоиҳа:

  1. Фаъолияти стратегӣ ва Шабакаи Ҳамкорон: давом додани мусоидат ба ГК (гурӯҳи корӣ) дар коркарди ҳуҷҷатҳои техникӣ, гузаронидани тадқиқотҳои тахассусӣ ва касбӣ ва пешбарии ин қарорҳо, бо истифода аз усули гузаронидани вохӯриҳои алоҳида ва ҳамчунин вохӯрии ШҲБ.  
  2. Мустаҳкам намудани иқтидор ва Фондҳои боварии об (ФБО): васеъ намудани маблағгузорӣ ба сохтмони инфрасохтор бо воситаи ФБО, баланд бардоштани иқтидори нафароне, ки дар сатҳи ноҳия қарор қабул менамоянд, ва иловатан операторон ва танзимгарон дар як ноҳия.
  3. Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои истифодабарандагон ва ҷамоатҳо: ҷалб намудани ҷамоатҳои деҳот ва истифодабарандагон ва баланд бардоштани огоҳии онҳо оиди ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои истифодабаранда бо назардошти махсуси баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занҳо.

Натиҷаҳои интизории Лоиҳа:

  • Дар сатҳи ҷумҳурӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва муколимаи муштарак барои маблағгузорӣ сохта шудааст, фаъолият ва танзими таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар деҳотҷой;
  • Равандҳо ва механизмҳои самаранок, шаффоф ва ботартиб дар сатҳи ноҳия тартиб дода шудаанд ва барои балағгузорӣ, фаъолият ва танзими оби нӯшокӣ ва санитария дар ноҳияҳои мақсадноки Лоиҳа амалӣ шуда истодаанд;
  • 15,000 занон, мардон ва кӯдакон саломатии худро бо воситаи коҳиш додани шумораи ҳолатҳои беморӣ, ки бо об вобастагӣ доранд беҳтар намуданд ва аз сабаби дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар дар 75м дар деҳотҷой вақти худро сарфа менамоянд;

(аз тарафи фонди мақсадноки ГПСП (GPSA) таҳти роҳбарии Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад) Занон ва мардони 3 ноҳия дорои дониш ва қобилияти зиёд намудан ва муҳофизат намудани ҳуқуқҳои худ барои дастрасӣ ба  оби нӯшокии бехатар ва санитария мебошанд, ки бо ин васила баробарии  гендериро пеш мебаранд. 3000 нафар дар маърака иштирок менамоянд, ва 10 муттахасисон оид ба мониторинг (аз онҳо, ҳадди аққал, 8 занон) оиди масъулияти иҷтимоӣ ва воситаҳои мониторинг омӯзонида мешаванд.

 

 

 

Share