Хабарҳо

Мавзӯҳои рӯз ба баҳсҳои гарм табдил ёфт

Ҷаласаи 11-уми Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба устувории обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ (ТоҷВСС) 25 январи соли 2012 дар толори конфронсии меҳмонхонаи Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири меллоратсия ва захираҳои об ҷанобиАнвар Зоҳиров, Директори минтақавии Раёсат оид ба Рушд ва Ҳамкории Швейдсария ҷаноби Питер Микула, иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон хонум Мадина Алибердиева, иҷрокунандаи  вазифаи ҷонишини директори минтақавии БРСММ ҷаноби Андрей Погребняк ҳамчун меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Муфассал...

Устувории «Равзанаи ягона» дар ноҳияи Мӯъминобод

Ташкилоти Оксфам дар ҷумҳурии Тоҷикиистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти маҳаллии давлатии ноҳияи Мӯъминобод ва Агентии давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ 14 сентябри соли 2012 оғози истифодаи механизми «Равзанаи ягона»-ро дар доираи сохтмон ба таври расмӣ кушод. Механизми «Равзанаи ягона» раванди соддакардашуда барои гирифтани иҷозат барои корҳои сохтмонӣ дар сатҳи маҳал мебошад ва он аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва меъморию шаҳрсозӣ ҳамоҳанг мешавад.

Муфассал...

Хазинаи об барои сармоягузорӣ омода аст

Шӯрои Хазинаи об  доираи васеъи ҷонибҳои  ҳавасмандро, ки дар зерсохтори обтаъминкунӣ ва беҳдоштии деҳот дар сатҳи маҳал фаъолона иштирок менамоянд, муттаҳид мекунад. Тартиби мазкур таҳти роҳбарии раисони ноҳияҳои ҳукуматҳои Муминобод ва Рӯдакӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии доимӣ ва қабули қарорҳо дар сатҳи ноҳия таъсис дода шудааст. Дар ҳайати Шӯрои Хазинаи об  намояндагони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва сектори хусусӣ дохиланд.

Муфассал...