Дар мактабҳои Ваҳдат ва Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати обтаъминкунӣ, санитари ва гигиени беҳтар мешавад

Паст будани сатҳи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати қаноатбахши санитари-гигиени ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва умуман ба рушди устуворӣ Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи маълумоти Президенти мамлакат дар Конфронси байналмиллалии оби тоза, ки моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, қайд карданд, ҳамагӣ 58,5% имконияти истифодаи оби тозаи ошомиданӣ ва танҳо 30%-и аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои санитарии-гигиени доранд. Хусусан ин ҳолат дар деҳот бештар ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин ки 73,6% аҳолии кишвар дар деҳот умр ба сар мебаранд, дастрасӣ ба оби тоза 42,9% мебошанд ва танҳо 5% шароитҳои хуби санитари доранд.

 

Барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ ва Шарикони раванди рушд вобаста ба иҷроиши вазифаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон оид ба дучанд паст кардани шумораи аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати қаноатбахши санитари-гигиени дастрасӣ надошта, ТҶҶ «НҶТ» лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо»-ро амалӣ карда истодааст.

Мақсади лоиҳа аз паст кардани сатҳи паҳншавии касалиҳои сирояткунанда дар байни кӯдакон ва наврасони то 14 сола, ки бо сабаби набудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати қаноатбахши санитари-гигиени дар шаҳрҳои Вахдат ва Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Давомнокии лоиҳа: 24 моҳ (сентябри 2014с.- августи 2016с.).

Маблағгузор: Ташкилоти байналхалқии «Ғизо барои ҷаҳон».

Маълумот дар бораи ТҶҶ «НҶТ»:

ТҶҶ «НҶТ» дар моҳи январи соли 2008 ташкил ёфтааст. Ҳадафи ташкилот аз баланд бардоштани мақоми ҷавонон барои иштироки минбаъдаи онҳо дар раванди рушди ҷомеа ва паст кардани сатҳи камбизоатк иборат аст. Тӯли 7 соли охир, дар доираи фаъолияти худ, ташкилот зиёда аз 50 ҳазор кӯдакону наврасонро фаро гирифтааст.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ Шумо метавонед, ба Сарвари иҷроияи

ТҶҶ «НҶТ» Мирзораҳимов Наимҷон муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакк 112, утоқӣ 7,

тел: (+992) 446205921, 378807572, 37

 

 

 

Share