Ҷаласаи Шабакаи ТоҷВСС - 8 апрели 2015с.

jalasaҶаласаи Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба уствории обтаъминкунӣ  ва беҳдоштӣ (ТоҷВСС) рӯзи 8 апрели соли 2015 соати 13.00 дар толори конфронсии маҷмааи Душанбе Плаза баргузор мегардад.

Ҷаласаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба уствории обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи  «Обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкурро Оҷонсӣ оид ба рушд ва  ҳамкории Швейтсария (SDC) маблағгузорӣ намуда, он дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон  ва БР СММ  амалӣ мегардад.

Дар ҷаласа муариффӣ ва шарҳи воқеъа ва навигариҳои охир дар зерсохторҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт пешниҳод мегардад.

Нуқтаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа аз инҳо иборат аст:

  1. Гендер ва об: Иштирок ва пешвогии занон дар рушди таъмини об ва беҳдошт дар рафти муаррифии Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ муҳокима карда мешавад. Дар маҷлиси зерин гурӯҳи корӣ оид ба гендер бо мақсади омӯзиши алоқаҳои эҳтимолӣ бо қоидаҳо ва лоиаҳо дар соҳаи таъмини об, обёрӣ ва кишоварзӣ ва муайян намудани усулҳои боз ҳам самараноки татбиқи масъалаҳои вобаста ба гендер дар соҳаи таъмини об таъсис дода мешавад.
  2. Усулҳои самараноки идоранамоии таъминоти об: Идоракуниибомуваффақияти системаҳои таъмини об дониши амиқро оид ба захираҳои мавҷуда, қоидаҳо ва танзимоти соҳа, қобилияти амалӣ намудани қарорҳои стратегӣ дар маҳалҳоро талаб менамояд. Яке аз ҷанбаҳои самараноки идоракунӣ ин аз интихоби дурусти шакли ташкилотӣ-ҳуқуқии ташкилот – Хизматрасон иборат мебошад. Таҳлили муқоисавии институтсионалӣ-ҳуқуқии (хусусиятҳо, афзалиятҳо ва камбудиҳо) намунаҳои эҳтимолии идоракунӣ ва ташкили хизматрасонӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон аз тарафи мушовири мустақил, Баходур Ҳабибов гузаронида шуд, ки ӯ натиҷаҳои таҳқиқоти худро дар маҷлиси мазкур ба аъзоёни шабака пешниҳод хоҳад кард.
  3. Таъмини об ва беҳдошт бо роҳбарии ҷамоаҳо: Оксфам дар Тоҷикистон ба наздикӣ ба амалӣ намудани лоиҳаи нав оғоз менамояд, ки аз тарафи Ҳукумати Финландия маблағгузорӣ карда хоҳад шуд. Лоиҳаи нави 3-сола имкон медиҳад, ки фаъолияти барномаи таъмини об ва беҳдошти Оксфам васеъ карда шавад ва самаранокии услуҳо ва миқёси амалиёт баланд бардошта шавад. Лоиҳаи нав дар ноҳияҳои Айнӣ ва Рӯдакӣ амалӣ карда хоҳад шуд.
  4. Об ин умед: ТҒД/Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Об-Умед» ғолиби озмуни байналмиллалии «Ташаббуси Экватор -2014», дар гурӯҳи «таҷрибаи беҳтарин дар соҳаи худидоракунии маҳаллӣ – дастрасӣ ба таъмини об» гардид. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Об-Умед» аҳолии нӯҳ деҳоти ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнонро бо оби нӯшокӣ ба таври доимӣ ва мунтазам таъмин менамояд, ки дар он ҷой аҳолӣ  ҳамеша бо норасогии об рӯ ба рӯ мешавад, бар замми ин, аксар вақт хушксолии шадид ва нокомии мавсимии зироат ба амал меоянд. Ассотсиатсия дар асоси ҳуқуқҳои анъанавӣ системаи тақсими обро таъсис дод, ки барои тақсимоти одилонаи об кӯмак мерасонад ва аҳолиро дар масъалаҳои вобаста ба обу корез дастгирӣ менамояд. Сардори Ассотсиатсия дар барномаи муаррифии худ таҷриба ва мушкилотҳоеро пешкаш менамояд, ки ӯ дар давоми кори худ бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад.
  5. Равшаннамоии дастовардҳо дар соҳаи об аз соли 2005 то 2015: Рӯзноманигори маъруф, Сураё Шуҷоат лоиҳаи худро вобаста ба ВАО муаррифӣ менамояд. Лоиҳа моро бо ташкил намудани сафар барои моро бо таърихи навини об дар Тоҷикистон, ки оиди лоиҳаҳои оид ба об ва беҳдоште, ки даҳсолаи охир амалӣ гаштанд шинос менамояд. Мақсад аз омӯхтани тағйиротҳое, ки ин лоиҳа бо мурури вақт ба миён овард, беҳтариҳо дар соҳаи об ва беҳдошт ва огоҳии қисми зиёди ҷомеа оид ба имкониятҳо ва мушкилотҳо бо ҷалби ВАО дар сафари мазкур иборат мебошад. Ӯ консепсияи лоиҳаро пешкаш менамояд ва нафароне, ки хоҳиши дастгирӣ намудан доранд метавонанд бевосита ба ӯ муроҷиат намоянд.
  6. Рӯзи ҷаҳонии об 2015 – Об ва рушди устувор. Аъзоёнишабакаи ТоҷВСС чорабиниҳоеро муҳокима хоҳанд кард, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об гузаронида шуда буданд, ки санаи 22 марта соли 2015 ҷашн гирифта шуда буд.

Эзоҳ барои муҳаррир:

Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба устувории обтаъминкунӣ ва беҳдошт 12 ноябри  соли 2009 таъсис дода шудааст. Шабакаи ТоҷВСС – минбари гуногунҷабҳаи миллӣ мебошад доир ба масъалаҳои вобаста ба обтаъмикунӣ ва беҳдошт, ки намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва маблағгузор, институтҳо ва муассисисаҳои илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайритиҷоратӣ ва сектори хухсиро, ки мунтазам дар ҷаласаҳои банақшагирӣ ва маҷлисҳои гурӯҳҳои корӣ барои ҳалли масъалаҳои соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт муттаҳид месозад.

Шабакаи ТоҷВСС саволҳоро оид ба рушди обтаъмикунӣ ва беҳдошти деҳотро ба тадқиқотчиён пешниҳод менамояд ва натиҷаи тадқиқотро ба сиёсатмадорон ирсол медорад.

Барои дастрасии маълумоти бештар ба корманд оид ба алоқа ва ҳисоботдиҳии лоиҳаи ТоҷВСС Дилафрӯз Усмонова тариқи почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё бо тел: + 992 918 665 731 муроҷиат кунед. Инчунин аз сомонаи www.tajwss.tj истифода баред. 

 

 

 

Share