Семинар «Асосҳои нархгузории босамари таъмини об ва бартарафкунии партовобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Дар толори «Душанбе-Плаза» семинар дар доираи зерлоиҳаи 13-2015-RFP-UNDP-EEP «Кўмак дар амалӣ намудани сиёсати беҳтаршудаи таруфавӣ барои соҳаи таъмини об ва бартарафкунии партовобҳо бо дастгирии Фонди ҷамъиятии «Маркази муштараки Тоҷикистону Норвегия оид ба рушди устувор» ва иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, ки дар рушди соҳаи таъмини оби нўшокӣ ва санитария дар Тоҷикистон фаъолона ширкат менамоянд, баргузор шуд.

Ҳадафи асосии семинар ҷорӣ намудани механизми ягонаи фароҳам овардани таруфаи барои хизматрасонии таъмини об ва бартарафкунии партовобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таҳияи тавсияҳои дастурамал барои хизматрасониҳои идоракунандагони низоми таъмини оби нўшокӣ дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъмини идоракунандагони низоми таъмини оби нўшокӣ дар деҳот бо барномаи таҳияи таруфаҳо барои хизматрасонӣ буд.

Иштирокчиёни семинар бо меъёрҳои асосии «Дастурамали ҳисобкунии таруфаҳои хизматрасонӣ оид ба таъминотӣ оби нӯшокӣ ва бартарафкунии партовобҳо барои корхонаҳои обтаъминкунӣ ва корезии ҶТ» ва «Дастурамали корӣ оид ба ҳисобу китоби таруфаҳо барои хизматрасонии таъмини оби нўшокӣ аз ҷониби идоракунандагони деҳот» шинос шуданд. Дар семинар усулҳои фароҳам овардан ва татбиқ намудани таруфаҳо барои хизматрасониҳо, ки ҷиҳати мутобиқати муносиби манфиатҳои иқтисодии пешниҳодкунандагон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои таъмини обу ташноб пешниҳод гардиданд. Иштирокчиёни семинар инчунин бо амал намудани барномаи таъминотии «Ҳисобу китоби таруфаи таъмини оби нўшокӣ», ки бояд низоми аз ҷониби идоракунандагони деҳот таҳия гардидани таруфаҳо барои хизматранониҳои таъмини оби нўшокиро осон намояд, шинос шуданд.

Қайд намудан зарур аст,ки татбиқи Дастурамалҳои мазкур оид ба ҳисобу китоби таруфаҳо хизматрасонии таъмини обу ташноб барои корхонаҳои обу корез, аз ҷумла барои идоракунандагони низоми таъмини оби нўшокӣ дар деҳот, ба корхонаҳои обу корез имконият медиҳад, ки низоми ҳисобу китобро барои банақшагирии арзиши хизматрасонии оби нӯшокӣ ва бартарафкунии партовобҳо, барои муайян намудани хароҷоти аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок ҳангоми таъмини стандартҳои муқарраршудаи хизматрасониҳо, инчунин хизматрасониҳои босифат ва боэътимод татбиқ намоянд.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиёни он ба Роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия доданд, ки пешниҳодҳо ва эродҳоро ба лоиҳаҳои пешниҳодшудаи «Дастурамал оид ба ҳисобу китоби таруфаҳо хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва бартарафкунии партовобҳо дар ҶТ» ва «Дастурамали корӣ оид ба ҳисобу китоби таруфаҳо барои хизматрасониҳои таъмини оби нўшокӣ аз ҷониби идоракунандагони деҳот» ба инобат гирифта, тибқи тартиби муқарраршуда онҳоро мавриди амал қарор диҳанд.
ТАШАКУР БАРОИ

Share