Ҳусни тафоҳум байни Ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва Оксфам БК дар Тоҷикистон

mou ayni

 

Санаи 20.05.2015, шӯъбаи Ассотсиатсияи Оксфам БК дар Тоҷикистон ва Ҳукумати ноҳияи Айнӣ барои амалӣ намудани Лоиҳаи «Ташаббускории ҷомеа дар таъмини об ва беҳдошт» (ТҶТОБ) ҳусни тафоҳумро ба имзо расонидаанд. 

Лоиҳаи «Ташаббускории ҷомеа дар таъмини об ва беҳдошт» (ТҶТОБ) аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Финляндия тариқи Барномаи ФинВоте ВЕЙ маблағгузорӣ мешавад, ки таҳти раҳбарии Пажӯҳишгоҳи Муҳити Зисти Финляндия (SYKE) мебошад. Лоиҳаро ташкилоти байналмиллалии Оксфам БК дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Рудакӣ амалӣмесозад.

Мақсади ташаббуси мазкур аз тақвият бахшидан ба қобилият ва имконияти одамон барои амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои худ дар таъмини об ва беҳдошт (ТОБ) иборат буда иштироки онҳоро дар идоранамоии ТОБ дар деҳотҷои Тоҷикистон афзун менамояд.

Баъд аз амалӣ гаштани Лоиҳа дастрасии тақрибан 6,000 нафар одамон ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдоштӣ беҳтар хоҳад шуд.

Лоиҳаи « ТҶТОБ » ба самтҳои зерин аҳамияти махсус медиҳад:

  • Ҷорӣ намудани механизмҳои шаффофу ғайримарказонидашудаи қабули қарор, махсусан Фонди Боварии Об (ФБО) барои рушд, фаъолият ва нигоҳубини сохторҳои таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар деҳотҷойҳо бо иштироки фаъоли ҷамоатҳо ва тартиб додани Нақшаҳои оби безарар;
  • Ҳамкорӣ/Шаффофияти беҳгашта ва иштроки фаъоли соҳибони ҳуқуқ дар идоранамоии хизматрасониҳои таъмини об ва беҳдоштӣ;
  • Барқарорсозӣ/сохтмони самараноки иншоотҳои таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ.

Ибтидо аз соли 2001 барномаи ТОБГи (таъмини об, беҳдошт ва гигиена – WASH) Оксфам БК ба ислоҳоти ташкилотӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузошт, Ҳамкории васеъро байни тарафҳои манфиатдори асосӣ ба роҳ мондааст ва дастрасии устувор ба оби нӯшокии бехатарро барои зиёда аз 70,000 нафар дар Тоҷикистон таъмин намудааст.

Барои маълумоти муфассал лутфан бо бону Дилафруз Усмонова, корманд оид ба муоширати барномаи WASH Оксфам БК дар Тоҷикистон тариқи телефон: + 992 918 665 731 ё почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. тамос гиред.

Share