Ҷаласаи махсуси Шабакаи ТоҷТОБ - 21 июли с.2015

specialevevnt

Ҷаласаи махсуси Шабакаи ТоҷТОБ бахшида ба таҳқиқот ва арзёби дар мавзӯи «Ташхиси камбизоатӣ ва арзёбии таъсири иҷтимоии бахши таъмини об ва беҳдошт дар Тоҷикистон» рӯзи 21 июли соли 2015 соати 13.30 дар толори конфронсии маҷмааи Душанбе Плаза баргузор гардид.

«Ташхиси камбизоатӣ ва арзёбии таъсири иҷтимоии бахши таъмини об ва беҳдошт дар Тоҷикистон» аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод карда шудааст ва ин маърака барои машварат намудан бо тарафҳои манфиатдор ва ҳамчунин ҷамъоварии фикру мулоҳизаҳо оиди ҳадафҳои рушди он, миқдори корҳо ва усул хизмат расонд. Раванди амалинамоӣ ва ҳолати ҳамкории байни  тарафҳои манфиатдор низ баррасӣ карда шуданд. 

 Мақсади рушди кори таҳлилии пешниҳодшуда ва кӯмаки техникӣ аз тезонидани дастрасии ба таъминоти кофии хизматрасониҳои Об, Беҳдошт ва Тозаги (ОБТ) барои гурӯҳҳои камбизоаттарини аҳолии Тоҷикистон тариқи нақшаҳои беҳтари огоҳӣ, маблағгузориҳо ва сиёсати нархгузорӣ. Ин ҳамаро метавон тариқи роҳҳои зерин ба даст овард:

(1) Ҷамъоварии далели сифатнок аз минтақаи ҳадафнок оиди сифати шароити муосири хизматрасониҳои ОБТ дар байни 40 фисад аз тақсимоти даромад,

(2) Арзёбии хароҷоти хоҷагиҳои гуногун дар кишвар барои шароитҳои муосири хизматрасонӣ, ва муайян намудани таъсири он ба камбизоатӣ ва саломатии онҳо,

(3) Хисоб намудани хароҷотҳо ва дастрасии хоҷагиҳое, ки омодаанд ҳаққи хизматрасониҳои такмилёфтаро пардохт намоянд, махсусан занҳо;

(4) Баррасии нақшаҳои инноватсионии ОБТ дар деҳот ва муайян намудани имкониятҳо барои афзалиятнокии беҳтари хизматрасониҳои ОБТ ба камбизоатон дар шаҳру деҳотҷойҳо; ва

(5) Мустаҳкам намудани иқтидори миллӣ барои гузаронидани таҳлили босифати  сиёсат нисбат ба камбизоатӣ оиди шароитҳои хизматрасониҳои об, беҳдоштӣ ва тозагӣ (ОБТ). Омӯзиш инчунин мақсад дорад, ки ҷалби истеъмолкунандагони камбизоат ва ташкилотҳои истеъмолиро дар тасмимгирӣ дар атрофи ОБТ пешбарӣ намояд.

Консепсияи эзоҳи барои маълумот

Share