Беҳдошт дар маркази таваҷҷӯҳи семинари Oксфам дар Душанбе

Ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон семинари дурӯзаро доир ба бењдошт (санитария), доир намуд, ки он 25 ноябри соли 2015 дар меҳмонхонаи Лотоси воқеъ дар шањри Душанбе оғоз гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои махсусгардонидашудаи соҳаи бењдошт (санитария) аз Аврупо, мақомоти давлатӣ, бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо иштирок намуданд. Ширкатварзидагон мушкилоти мављудбуда дар соњаи бењдошт (санитария), стратегияи вориднамоии санитария ба равандҳои рушди шаҳру деҳот, масъулиятњои муштарак байни бахшҳои хусусӣ, давлатӣ ва ҷамоаҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоидро барои афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ дар соҳаи бењдошт (санитария) мавриди муҳокима қарор доданд.

 

«Семинар ба дастгирии тақвияти бештари ҷомеаи амалкунанда дар соҳаи бењдошт (санитария) дар Тоҷикистон ва муайян кардани сабабҳое, ки боиси тағйири рафтору кирдор мешаванд, нигаронида шудааст. Ин омилњо дар навбати худ ба бахши санитария њомиёни зиёдтарро ҷалб менамоянд, ки метавонанд боиси афзоиши сармоягузории соња шаванд», - гуфт Боян Колундзия, Директори ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон.

Семинари бахшида ба бењдошт (санитария) пайгирї ба ва амалигардонии Даъват ба амал мебошад, ки дар рафти Конфронси сатҳи баланди «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»-и 9-10 июн дар Тоҷикистон баргузоршуда чунин муайян гардидааст:

«Мо изҳори нигаронӣ аз он мекунем, ки сарфи назар аз беҳбудиҳое, ки аз Соли байналмилалии санитарияи соли 2008 ва ташаббуси «Санитарияи устувор: иқдоми 5-сола то соли 2015» ба даст оварда шудаанд, санитария ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор дорад».

«Ба хотири ноил шудан ба натиҷаҳои боз њам беҳтар дар соҳаи бењдошт (санитария), таќвияти ҳамоҳангсозиро байни мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро бояд ба роњ монд», - қайд кард дар чорабинӣ Ҷўрахон Абдураҳимов, муовини сардори Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ.

Чорабинӣ аз ҷониби Шабакаи обтаъминкунӣ ва бењдошти Оксфам дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки таҳкурсии миллӣ барои ҷонибҳои зиёди алоќаманд аз ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо, муассисаҳо ва доираҳои илмӣ, ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва дигари ғайритиҷоратии соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария мебошад, ки эшон мунтазам дар ҷаласаҳои пленарӣ ва гурӯҳҳои корӣ барои пешбурди барномаи миллї дар соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария гирди њам меоянд.

Шабака ба мубодилаи афкору аќоид миёни ҷонибҳои мухталифи манфиатдор мусоидат менамояд. Узвият дар он барои ҳамаи ташкилотҳои алоќаманд, ки дар зерсоҳаи бообтаъминкунӣ ва санитария ширкат меварзанд ва кор мекунанд, озод аст, бо шарте, ки онҳо мақсаду мароми Шабакаро дастгирӣ намоянд.


Барои иттилооти иловагӣ лутфан ба:

Фируза Ғуломасейнова
Корманди бахши ВАО
Оксфам дар Тоҷикистон
Тел: + 992 98 596 00 87
Ба нишонаи почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. муроҷиат намоед.

Share