Ҳикояҳо

Беобӣ низ камбизоатӣ аст

Деҳаи Зарнисор-и ҷамоати Чоргултеппа   дар масофаи  1,5 км дуртар  аз маркази ноҳия  қарор дорад.

Аслан деҳаҳои ба маркази ноҳия наздик  бояд нисбати   деҳаҳои  дуртар пробемаҳояшон камтар бошад.

Вале дар ин деҳа мардум солҳо аз набудани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Вақте ки мо роҳ сӯи ин деҳа гирифтем, ду  зани ҷавон яке бо даст дигаре  бо ароба об мекашониданд. Онҳо вориди як дарвоза шуданд, маълум гардид, ки ҳамсояанд.

Чун мо низ вориди ҳавлӣ гаштем, соҳибхона Мунаввара Олимова моро пешвоз гирифт.  Хона муроот кард, хонаи хоксорона, ки аз камбизоатии соҳибаш дарак медод. Чун соҳибхона аз мақсади ташрифам огоҳ шуд, даррав дастонашро нишон дод, паи дастаи сатил дар кафи дастонаш рах баста буданд, ӯ аллакай ду бор имрӯз об кашонидааст.

Муфассал...

Бе об тозагӣ риоя намешавад

Дар деҳаи Зарнисор вақте бо Мунаввара сӯҳбат мекардам, зани чавони дигаре наздамон омада, худро муариффӣ кард.

Ин бону  модари 5 фарзанд Иқбол Исломова мебошад. Оилаи онҳо аз 8 нафар иборат аст.

Аз сӯҳбат маълум гашт,ки вазифаи обкашонӣ бар души Иқбол аст, аз ин рӯ ду сол боз ба бемории сутунмӯҳра гирифтор аст. Ба ӯ бардоштани  вазнинӣ мумкин нест , вале ӯ ҳеҷ гоҳ гуфтаи табибонро риоя карда наметавонад.

Чунки ҳар рӯз ҷомашӯи кардан  лозим , нисфи зиёди об барои ҳамин сарф мешавад. Бо вуҷуди ҳамин қадар об кашонидан Иқболбӣ дар он ақида аст, ки ҳеҷ гоҳ тозагиро дар хонааш сад дар сад риоя карда наметавонад.

Муфассал...

Беобӣ сабаби низоъ дар оила

 Деҳаи Қосимобод-и ҷамоати Лоҳур аз маркази ноҳия дур ҷойгир шудааст.

Дар ин деҳа қариб 700 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд.  Замоне ин деҳа аз об танқисӣ намекашид ва боғу роғи зиёд ва заминҳои сабзу хуррам дошт. 

Вале барҳамхӯрии иттиҳоди шӯравӣ ва беназоратии масъулини соҳа боис гардид,ки мардуми деҳаи Қосимобод ба мушкилоти оби ошомиданӣ ва полезӣ рӯ ба рӯ гарданд.  

 Вақте ки мо вориди ин деҳа гаштем , аз як хонаи сари роҳ, ки гирду атрофаш кушода буд,  ва аҳли оила рӯи ҳавлӣ буданд, дидан кардем. Чун мақсади ташрифамонро фаҳмиданд, даррав риштаи суханро зан ба даст гирифт. Ман низ ҳаминро мунтазир будам, охир боз кӣ ҳам гап мезад, чунки мушкилоти беобиро бештар зан эҳсос мекунад.

Муфассал...

Муҳоҷирати мардон - мушкилоти занон

Деҳаи Ваҳдат дар ҷамаоти  ҷамоати Чоргултеппа  ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. 

Деҳаи сераҳолӣ , аксаран мардонаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ занҳо бошад, дар деҳа мушкилоти зиндагӣ , хонаю дар, фарзандонро бар дӯши нозуки худ мекашанд.

Вақте мо ба деҳа рафтем, ҳаво сард буд ва аслан дар зимистон муҳоҷирон ба хонаю дари худ бармегарданд. Дар зимистон ба кадом деҳае, ки наравед,  чашматон бу гурӯҳи мардон меафтад, ки гурӯҳ-гурӯҳ сари кӯчаҳо ҷамъ омадаанд ва байни ҳам сӯҳбат мекунанд.

Он рӯз низ  сари кӯчаи деҳаи Ваҳдат мардҳои зиёде машғули сӯҳбат буданд,занону духтарон ва кӯдакон бо хару ароба об мекашониданд. Садои чак- чак оби барф аз гӯшаҳои бом навои мусиқиро мемонд ва ин садоро гоҳо овози зане пахш мекард.

Муфассал...

Оби тозаи ошомиданӣ-бехатарӣ барои оянда

Дар акс Мавҷуда дар хонааш. Аз тарафи чап дастшӯяк, барои шӯстани
дастҳо. Акси Руби Райт


Мошини мо бо роҳи ноҳамвори сертеппа ба яке аз деҳахое, ки онҷо  системаи обтаъминкунӣ сохта шуда буд, раҳсипор шуд.

Дар деҳаи Доваи Боло мо бо Мавҷуда Бобоеваи 30-сола вохӯрдем. 

Доваи Боло яке аз панҷ деҳаи ҷамоати  Роҳат и ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин  карда шудааст. Мавҷуда хонашин буда, бо ҳамроҳии  шавҳар ва хушдоманаш зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд ӯ ҳафт сол боз шавҳар дорад, вале то ҳол фарзанддор нашудааст. 

Дар деҳоти Тоҷикистон агар дар муддати тӯлонӣ зан баъди ба шавҳар баромадан  соҳиби фарзанд нашавад, дар бисёр ҳолат ӯро гунаҳгор медонанд ва ин ҳатто ба ҷудоии оилаҳо оварда мерасонад. Вале шавҳари Мавҷуда ӯро бениҳоят дӯст медорад ва ин ҳангоми бо ӯ сӯхбат кардану нигаристани шавҳараш эҳсос карда мешавад. 

Муфассал...

Зани пешво

Майноро бо духтараш моро дар назди  хонаи худ пешвоз мегирад. 
Акси Дилафрӯз Усмонова дома Усманова

Майноро Гуловаи 49 сола дар деҳаи Шулулули ноҳияи Муминобод зиндагӣ намуда, соҳиби ҳафт фарзанд ва се набера мебошад. Ба серфарзандӣ ва серкории хеш нигоҳ накарда  Майноро роҳбарии гурӯҳи занҳои деҳаро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин ӯ мудири як бонки хурди гурӯҳи занон аст. Аз  ҷониби ҳамдеҳагонаш ӯро ба аъзогии Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО) пешниҳод намуданд ва ӯ масъули риоя намудани ҳолатҳои беҳдоштию гигиенӣ дар деҳа мебошад.

Шавҳараш ҳашт сол пеш барои корёбӣ ба Руссия рафта буд. Ҳоло ӯ дар  муҳоҷирати меҳнати аст ва имсол ду писаршро низ бо худ бурдааст.

«Шавҳари ман панҷоҳу ҳаштсола мебошад, албатта бо ин синну сол барои кор кардан дар сохтмон мушкил аст.Лекин ӯ барои гузаронидани тӯи хонадоршавии фарзандонам то ҳол дар муҳоҷирати корӣ аст.Вақте ки мардҳо ба Россия мераванд, занҳо сарвари оила мешаванд  ва онҳоро лозим меояд, ки ҳамаи кори рӯзгорро пеш баранд. Майноро дар хоҷагии худ соҳиби се гов буда, шири онро дар бозор мефурӯшад.

Муфассал...

Обтаъминкунӣ барои оғози тиҷорати хурд кӯмак мерасонад

Парвина дар назди дарвозаи хонаи худ. Акси Руби Райт

Парвина  Раҳмонова 26  сола буда, дар деҳаи Делоло-2 ноҳияи Муминобод зиндагӣ мекунад.

Парвина хонашин буда, соҳиби 3 фарзанд аст. Ӯ дар хонаи нимсохт зиндагӣ мекунад, шавҳарш бошад, дар муҳоҷирати

меҳнатӣ дар Руссия мебошад. Бисёре аз мардҳои ҷавони деҳаи Деҳлоло-2 оилаҳои худро гузошта, барои ҷустуҷӯи кор ба Россия мераванд  Масъулият барои нигоҳ доштани хона бар дӯши зан меафтад.

« Шавҳари ман  ҳар сол ҳашт моҳ  барои иҷрои  корҳои сохтмонӣ  ба Россия  меравад. Имрӯз одамони зиёде мехоҳанд, ки дар Россия ҷои кори пайдо кунанд, лекин ин на ба ҳама муяссар мегардад. Муҳоҷирони меҳнатиро бисёр вақт фиреб  карда, маблағи кориашонро пардохт намекунанд. Шавҳари маро лозим меояд, ки бо вуҷуди бемории гурда кор кунад, чунки бояд сохтмони хонаро ба анҷом расонад.».

Муфассал...

Об, наҷотбахши ҳаёт

Бунафша  дар хонаи худ. Акси Руби Райт

Бунафша Насриддинова соҳиби шаш нафар фарзанд буда, 44 сола аст. Ӯ дар деҳаи Деҳлоло-2 –и ноҳияи Муминобод зиндагӣ мекунад.

Шавҳар ва як писари Бунафша дар Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Шавҳараш 43 сола аст,  вале кор дар сохтмон барояш хело мушки ласт.

 «Кор дар Россия ба саломатии шавҳарам таъсири бад мерасонад, чунки ӯ бемории артрит ( илтиҳоби банд) дорад. Лекин илоҷ   надорад, чунки мо бояд ҳатман дар бораи ояндаамон ва гузаронидани маъракаҳои тӯи фарзандонамон андеша кунем»

Лоиҳаи ТоҷВСС дар деҳаи Деҳлоло- 2  системаи обтаъминкунӣ сохт.  Дар ҳар як хона лӯлаи обгузар ва обҳисобкунанҳо шинонида шуд.  Ман аз Бунафша пурсидам, ки то сохмони система аз куҷо об мегирифт?

 

Муфассал...

Пешравӣ дар қоидаи гигиенӣ ва беҳдоштӣ

Дар акс Асалмоҳ дар назди дари хонааш. Акси Руби Райт

 Асалмоҳ Идиева 46 сол дошта,  дар лоиҳаи ТоҷВСС ба ҳайси мутахасси оид ба беҳдоштӣ аз рӯи аввали барқарорсозии  системаи обтаъмикунӣ  дар деҳаи Деҳлоло-2  кор мекунад. 

Вақте ки 20 сол пеш писари  Асалмоҳ гирифтори бемории менингит шуд, аз ҳамон вақт сар карда, ӯ ба масъалаи солимӣ  таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад.

 «  Вақте ки писарам гирифтори бемории менингит шуд, ӯ ҳамагӣ панҷ сол дошт, ҳоло ӯ 25 сола мебошад. Он вақт ман ҷавон будам,  ба суханони калонсолони деҳа гӯш карда, ӯро ба назди духтур набурда,  танҳо табобати халқӣ аз он ҷумла ба воситаи  хондани сураҳои Қуръон ва тибби халқӣ табобат намудам»

« Ба ҳар ҳол мо ӯро назди духтур бурдем, вале хело дер шуда буд, ва писарам дигар гап задаю шунида наметавонист.

Ӯ барои сӯхбат бо ман аз имою ишора истифода мебарад, вале дигарон ва ҳамсояҳо ӯро намефаҳманд»

Муфассал...

Низоъ- аз барои об

Холбиби бо ҳамроҳии писараш Ғоибназар ва рафиқи ӯ Ғолибшо дар назди майдончаи қолиншӯи Акси Руби Райт

Холбибӣ  Паҳлавонова 42 сола буда, соҳиби  се писар аст.

Ӯ таъминкунандаи асосӣ дар оила мебошад.

«Шавҳари ман маъюб буда,  вақти худро ҳамеша дар хона мегузаронад.

Деҳаи мо дар як ҷои санглох буда, дар мо захираҳои хуби  замин  нест.

Мо асосан картошка истеъмол менамоем, ки онро худамон парвариш мекунем, зиёдатиашро бошад мефурӯшем» Бори аввал ман бо Холбибӣ дар назди майдончаи қолиншӯӣ, ки дар деҳаи Шулуллу-и ноҳияи Муминобод қарор дорад, вохӯрдам.

Майдончаи мазкур махсус барои  шӯстани қолинҳо ҷудо шуда, ҳамчунин хатти об  кашида шудааст ва ҷой барои хушконидани либос  низ омода гардидааст. Гурӯҳи занон ва кӯдакон қолин шӯста, байни худ сӯҳбат мекарданд. Холбибӣ мегӯяд:

Муфассал...