Дар бораи Шабакаи ТоҷВСС

Шабакаи ТоҷВСС – платформаи миллии бисёрсоҳавӣ оид ба масъалаҳои  таъмин ва беҳдошти об мебошад, ки он намояндагони сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва маблағгузор, институтҳо ва муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои маҳаллӣ ва ғайритиҷоратӣ ва инчунин сектори хусусиро муттаҳид месозад, ки мунтазам барои пешбурди масъалаи рӯзномаи миллӣ дар соҳаи таъмин ва беҳдошти об дар ҷаласаҳои нақшавӣ ва маҷлисҳои гурӯҳҳои корӣ ҷамъ оянд.

Аз лаҳзаи таъсиси худ, шабака платформае гардид барои бисёр ташкилотҳои манфиатдор барои муҳокимаи норасогиҳо ва фазоҳои холӣ, ки барои гузаронидани фаъолияти стратегӣ дар соҳаи захираҳои об ва беҳдошти об монеъа мешуданд; барои мубодилаи таҷриба, асбобҳо ва методология дар байни муассисаҳо ва ҳамкорон; ва барои арзёбии таҷрибаи пешрафта, инчунин таҷрибаҳои аз лоиҳаи ноком андухташуда бо мақсади муайян намудани он қарорҳои стратегӣ, ки  дар соҳаи таъмин ва беҳдошти об метавонанд амалӣ карда шаванд.

Соли 2010 Шабака дар қабул шудани қонуни миллӣ оди ба оби нӯшокӣ саҳми худро гузошт ва дар машварат бо тарафҳои манфиатдор оид ба таҳияи лоиҳаҳои миллӣ оиди нишондиҳандаҳои мақсаднок дар чаҳорчӯбаи Протокол соли 2013 нақши муҳим ва ҳалкунанда бозид. Ҳамчунин саҳми муҳим дар таҳияи ҳуҷҷатҳои миллӣ-стратегӣ, қоидаҳо ва санадҳои зерқонунӣ гузошта шуд (масалан, таҳияи методологияи миллӣ оид ба ҳисоб намудани тарифҳо барои таъминоти об) оид ба масъалаҳои вобаста ба тарифҳо, системаи андозбандӣ, ҳуқуқи молик будан ба системаи обтаъминнамоӣ ва иҷозат барои сохтмон.

Дар чаҳорчӯбаи Шабака чорабиниҳои зиёд гузаронида мешаванд, ки якҷоя амалӣ ва/ё маблағгузорӣ карда шудаанд. Инҳо аз омӯзиш, амалӣ намудани роҳҳои ҳалли иноватсионӣ, арзёбӣ, омӯзиш, маъракаҳои маълумотдиҳӣ ва ахборотӣ бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятиро иборат мебошанд.

Шабака ба мубодилаи маълумот байни тарафҳои гуногуни манфиатдор мусоидат менамояд. Аъзогӣ барои ҳамаи ташкилотҳои манфиатдор, ки дар соҳаи таъмини об ва беҳдошти об ҷалб гаштаанд ва кор мебаранд, дар мавриди қабули ҳадафҳо ва вазифаҳои Шабака кушод аст.

 

 

 

Share